КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"

Салоҳияти намояндагиҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ВМКБ ва вилоятҳо


Намояндагиҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ВМКБ ва вилоятҳо дар асоси фармони директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” №217 аз 24 ноябри соли 2014 “Дар бораи таъсиси намояндагиҳои корхона дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон” таъсис дода шудаанд.

Намояндагиҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар доираи салоҳияти худ корҳои вобаста ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро ба анҷом мерасонанд, аз ҷумла:

- назорат ба фаъолияти корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ВМКБ ва вилоятҳо;
- назорати дурустии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии бақайдгирандаҳо дар корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;
- назорати иҷрои корҳои барӯйхатгирии техникӣ, аз ҷумла тайёр намудани шиносномаҳои техникӣ, истифодаи барномаҳои электронии графикӣ ва тарзи дурусти хисоб намудани арзиши корҳои хизматрасонӣ дар корхонаҳои тобеъ;
- расонидани ёрии амалӣ ба мутахассисони соҳа;
- назорати тартиби таҳияи парвандаҳои заминсозӣ ва мувофиқаткунии ҳуҷҷатҳои заминсозӣ дар ВМКБ ва вилоятҳо;
- назорат оид ба истифодабари барномаи “Бойгонии электронӣ” ва ташкил намудани махзани маълумотҳои бойгониҳо дар корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ВМКБ ва вилоятҳо оид ба бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла вобаста ба таъсис ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби ҳамкории онҳо ва мубодилаи маълумоти байни онҳо;
- ҷамъоварӣ, таҳлил, хулосабарорӣ ва дар васоити ахбори омма ҳар сол чоп намудани маҷмӯи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар ВМКБ ва вилоятҳо;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ВМКБ ва вилоятҳо дар самти бақайдгирии давлатӣ;
- ташкили бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо дар ВМКБ ва вилоятҳо;
- хизматрасонии ахборотию машваратӣ;
- таъмини воридоти маблағҳои шартномавӣ (8%) байни Муассис ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои дар ВМКБ ва вилоятҳо;
- таҳияи ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ ва корхонаҳои давлатии фаръии тобеъ дар ВМКБ ва вилоятҳо ва пешниҳоди он ба КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (моҳона, семоҳа, солона);
- ҳимояи манфиатҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар мақомотҳои давлатӣ, иҷроия ва суд.

Маҳалли ҷойгиршавии Намояндагиҳо:

Намояндагӣ дар вилояти Суғд: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи ба номи А.Фирдавсӣ, 116. почтаи электронии намояндагӣ sughd@registr-ni.tj, телефонҳои корӣ
(83422) 4-01-06, 6-68-95.
Директори Намояндагӣ - Ғафурӣ Юсуфҷон Саттор

Намояндагӣ дар вилояти Хатлон: шаҳри Бохтар, кӯчаи Б.Ғафуров, почтаи электронии намояндагӣ khatlon@registr-ni.tj, телефони корӣ (83222) 2-59-80.
Директори Намояндагӣ – Зоиров Рустам

Намояндагӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон: шаҳри Хоруғ, кӯчаи Гулмамадов В, 45. почтаи электронии намояндагӣ badakhshon@registr-ni.tj, телефони корӣ (83522) 2-67-50.
Директори Намояндагӣ – Додихудоев Муҳаммадӣ