КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"

МАЪЛУМОТ

ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КВД «БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ» ВА КОРХОНАҲОИ ФАРЪИИ ОН ДАР СОЛИ 2020

Дар давраи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 44295 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин (вилояти Суғд – 12168; ВМКБ – 1006; вилояти Хатлон – 17737; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 13386), аз он 5137 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (вилояти Суғд – 2006; ВМКБ – 109; вилояти Хатлон – 1700; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1322), 197 хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ (вилояти Суғд – 16; ВМКБ - 30, вилояти Хатлон – 36; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 115), 33033 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ (вилояти Суғд – 8137; ВМКБ – 257; вилояти Хатлон – 14386; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 10253), 616 дигар намудҳои хоҷагидорӣ (вилояти Суғд – 262; ВМКБ – 11 , вилояти Хатлон – 95; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 248), 5312 адад дигар намуди қитъаҳои замин (вилояти Суғд – 1747; ВМКБ – 599; вилояти Хатлон – 1520; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1446 адад) ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.

Дар соли 2020 44944 адад биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, аз ҷумла ҷудогона ва иншоот ба қайди давлатӣ гирифта шуданд, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 11538; ВМКБ – 931; вилояти Хатлон – 9966; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 22509 адад. Инчунин 3119 адад маҳдудиятҳои (гарониҳои ҳуқуқ) ба молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд – 742; ВМКБ – 151; вилояти Хатлон – 553; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1973), 133адад қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд-30, Хатлон-6, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 97 адад), 810 адад қатъи маҳдудиятҳои гарониҳои ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул (вилояти Суғд- 183, ВМКБ – 9, Хатлон – 68, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 550 адад) ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Аз Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 29388 адад иттилоот дода шудааст (вилояти Суғд – 5954; ВМКБ – 395; вилояти Хатлон – 4008; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 19031адад).

Дар ҳамин давра аз ҷониби корхонаҳои тобеъ корҳои баруйхатгирии техникӣ бо миқдори 67796 адад гузаронида шуданд, аз он 30474 адад барӯйхатгирии техникии асосӣ (ВМКБ – 637; вилояти Суғд – 6033; вилояти Хатлон – 9767; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 14037 адад), 23996 адад барӯйхатгирии техникии ҷорӣ (ВМКБ – 130; вилояти Суғд – 8439; вилояти Хатлон – 4113; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 11314 ва 13326 адад дигар намуди корҳо (ВМКБ – 164; вилояти Суғд – 4155; вилояти Хатлон – 1137; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 7870).

Дар соли сипаригардида ба Корхона 68 адад парвандаҳои заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид. Аз он 26 адад парванда дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, 21 адад парвандаҳои заминсозӣ барои ҷой доштани камбудию норасоиҳо аз экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсози бозпас гардонида шуда, 4 адад парванда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, 16 адад парванда дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз парвандаҳои қаблан воридгардида 5 адад лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Дар ҳамин давра 19 адад парвандаҳои заминсозии қаблан воридгардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва ба тасвиб расонидани лоиҳаи қарор пешнињод гардиданд. Дар соли 2020 - 36 адад лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) мавриди истифода қарор дорад ва ҳамагуна амалиёти бақайдгирӣ дар 62 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи мазкур анҷом дода мешавад. Амалиёти бақайдгирии объектҳои молу мулки ғайриманқули ноҳияи Мурғоб тавассути барномаи мазкур дар корхонаи бақайдгирии шаҳри Хоруғ гузаронида мешавад. Корхонаи бақайдгирӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 17.05.19 ба реҷаи омӯзишӣ пайваст мебошад.

Барномаи СХБТ мукаммал гардонида шуда, модулҳои зарурӣ (ҳисоботи бақайдгиранда, замима ба ҳисоботи бақайдгиранда, ҳисоботи умумии КДФ-ҳо, ҳисоботи умумии КВД оид ба қитъаҳои замин, ҳисоботи умумии КВД оид ба биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ) мавриди истифода қарор доранд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022” аз 02.05.19, №223 ва қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз 12.06.19, №76 барномаи электронии СХБТ дар соли ҷорӣ мукаммал гардонида шуд, аз ҷумла:

  • - ҷиҳати таъмини мубодилаи мустаќими маълумот тариќи низоми мустақим (онлайн) дар барномаи СХБТ, бо мақсади содда кардани анҷомдиҳии тасдиқи нотариалии аҳдҳо ва кам намудани амалҳои расмиёти бақайдгирӣ, шурӯъ аз 11 марти соли 2020 маълумот оид ба пардохти андозҳои дахлдор аз махзани маълумотҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон дар реҷаи мустақим (онлайн) дастрас карда шуда, дар иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ дарҷ мегардад;
  • - ҳисоботи гендерӣ таҳия ва мавриди истифода қарор дода шуд;
  • - руйхати саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ворид гардид;
  • - модули “Бойгонии электронӣ” дар барномаи СХБТ дар шакли тестӣ ҷойгир карда шуд;
  • - барои кам намудании сарбории сервери барнома сервери алтернативии вертуалӣ сохта шуда, модули маълумот ба он кӯчонида шуд;
  • - корҳои омодагӣ барои таъсис додани модулҳои заминсозӣ ва баруйхатгирии техникӣ идома доранд;
  • - амалиётҳо барои бақайдгирии ҳабси молу мулки ғайриманқул ва аз ҳабс озод намудани объектҳои молу мулки ғайриманқул ворид карда шуда, феҳристи ҳабси молу мулки ғайриманқул дар барнома таъсис дода шуд;
  • - барои бехатарии барнома, дар вақти муайян, рамзи истифодабарандагон бо тариқи худкор аз тарафи барнома иваз ва рамзгузорӣ карда мешавад. Барнома бо ширкатҳои мобилӣ ҳамоҳанг буда, баъди ивази рамз ба рақами телефони истифодабарандаи барнома паёмак бо рамзи нав ворид мегардад. Барои иҷрои ин амал дар барномаи «СХБТ» барномаи иловагии ирсоли «СМС паёмакҳо» тариқи ширкатҳои мобилӣ васл карда шуд;
  • - барои дастраси умум қарор додани феҳристи ҳабси молу мулки ғайриманқул, маводҳо ва маълумотҳо ба сомонаи корхона www.baqaydgiri.tj ворид карда мешаванд;
  • - барои сарфаи вақти муроҷиаткунандагон оид ба муайян намудани ҳолати иҷроиш ва дар кадом ҳолат будани аризаи худ корҳо дар ин самт идома дорад. Дар муддати наздиктарин онҳо метавонанд аз ҳолати муроҷиати худ тавассути сомонаи Корхона маълумот гирифта, баъди ба анҷом расидани амалиёти бақайдгирии давлатӣ, ба телефони мобилии онҳо «СМС-паёмак» бо тариқи худкор ирсол карда мешавад;
  • - додугирифти мутақобилаи нусхаи электронии ҳуҷҷатҳо байни бақайдгирандаҳо ва бойгониҳои корхонаҳои фаръии тобеъ ҷорӣ карда шуд, ки кори бақайдгирандаҳоро ба маротиб осон мегардонад;
  • - ба Бонки миллии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти пурра аз Феҳристи объектҳои молу мулки ғайриманқул иҷозат дода шуд.

Дар барномаи СХБТ Феҳристи объектҳои молу мулки ғайриманқул ва Феҳристи бақайдгирии гарави молу мулки ғайриманқул мавриди истифода қарор доранд. Ҳамзамон тавассути сомонаи Корхона (www.baqaydgiri.tj) феҳристҳои мазкур ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар реҷаи мустақим (онлайн) дастрас буда, онҳо метавонанд маълумоти заруриро нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда ройгон пайдо намоянд. Феҳристҳо маълумоти заруриро дар бораи объектҳои молу мулки ғайриманқул бо дарназардошти номгӯи шаҳру ноҳияҳо, таъиноти молу мулки ғайриманқул, суроғаи ҷойгиршавии он, рақами кадастрӣ, маълумот дар бораи гаравгир, рақам ва санаи шартномаи гарав, санаи бақайдгирии давлатии шартномаи гарав, муҳлати амали шартномаи гарав ва маблағи қарзро дар бар мегирад. Раванди азнавсозии маълумоти феҳристҳо мунтазам ба таври худкор сурат мегирад.

Бо мақсади таъмини бемамонияти хати алоқа, бо оператори мобилии “Вавилон-Т” шартномаи ҳамкорӣ баста шуд ва сервери марказии Корхона бо хати алоқаи алтернативӣ таъмин гардид. Хати алоқаи нав барои истифодабарандагони барномаи СХБТ имконияти хубро фароҳам овард. Инчунин, сервери марказии Корхона мукаммал гардонида шуда, барои таъмини бехатарии барнома дар сервер таҷҳизоти “Файрвол” ва 16 адад аккомуляторҳои иловагӣ насб карда шуд.

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” ва иҷрои бандҳои 4.6 ва 4.9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022” аз 02.05.19, №223, нақшаи кории Кумитаи давлатӣ ва Корхона дар соли 2020, аз тарафи мутахассисони Корхона Геопортали молу мулки ғайриманқул таҳия гардида, бо қарори Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз 04.03.20, №32 тасдиқ гардид. Геопортали мазкур маълумотҳои фазоӣ ва харитавии молу мулки ғайриманқули ҳудуди минтақаҳои кадастрии шаҳри Душанберо дарбар гирифта, тавассути сомонаи Корхона (www.baqaydgiri.tj) ва дар суроғаи geoportal.tj дастраси мустақими инфиродӣ қарор дода шуд.

Сомонаи (вебсайти) Корхона аз моҳи апрели соли 2019 дар суроғаи www.baqaydgiri.tj фаъол буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мавриди истифодаи умум қарор дорад. Маълумоти он мунтазам коркард гардида, барои истифода аз телефонҳои мобилӣ мутобиқат гардонида шудааст. Саволу дархостҳо, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аризаҳо барои ҳабси молу мулки ғайриманқул, ки дар шакли электронӣ ба сомона ворид мегарданд, ба таври худкор ба почтаи электронии Корхона info@registr-ni.tj ирсол карда мешаванд.

Дар соли ҷорӣ модули нави барномаи “Бойгонии электронӣ” дар заминаи забони барномасозии Майкрософт Акссес мукаммал гардонида шуда, дар тамоми корхонаҳои шаҳру ноҳияҳо таҳти истифода қарор дода шуд. Оид ба истифодабарии барнома бо кормандони соҳавии корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд. Айни замон барномаи “Бойгонии электронӣ” бо барномаи “СХБТ-тестӣ” якҷоя карда шуда, раванди интиқоли маълумотҳо ба он оғоз гардид.

Бо мақсади ташкил намудани махзани муттамаркази маълумоти бойгониҳо дар бойгонии марказии Корхона ва корхонаҳои тобеъ раванди сканеркунонии ҳуҷҷатҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳои корхонаҳои бақайдгирӣ маҳфузбуда 98 % сканер кунонида шуданд, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 99%, Хатлон – 99%, НТҶ – 94% ва ВМКБ – 100%.

Почтаи электронии Корхона info@registr-ni.tj ва почтаҳои электронии корхонаҳои фаръии тобеъ доимо фаъол буда, тавассути онҳо мактубҳои воридотӣ ва ҳисоботи даврӣ қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои содиротӣ ба муассисаю ташкилоти дахлдор ирсол карда мешаванд. Дар натиҷа сифат ва маҳсулнокии корҳои ҳуҷҷатгузорӣ, доду гирифти ҳуҷҷату маълумотҳо баланд гардида, дар муҳлати кӯтоҳтарин амалӣ карда мешаванд.

Бо мақсади муайян намудани тайёрии касбӣ, сатҳи дониш, самаранокии меҳнат ва иҷрои уҳдадориҳои вазифавии кормандони корхонаҳои тобеъ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи моҳҳои июл, октябри соли 2019 ва моҳи феврали соли 2020 давра ба давра аттестатсияи кормандон гузаронида шуд.

Дар соли 2020 дар ду давр - 18-20 феврал ва 13-15 октябри курси омӯзишии довталабон ба ҳайси бақайдгирандаҳои корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ бо иштироки 33 нафар довталаб баргузор гардид. Аз ҷониби комиссияи аттестатсионӣ 28 нафари онҳо ба вазифаи бақайдгиранда мувофиқ дониста шуданд.

Корхона дар оянда низ ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос чораҳои заруриро меандешад. Вобаста ба ин гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва семинару машваратҳо ба нақша гирифта шуда, дар чанд давра гузаронида шудааст. Аз ҷумла дар Маркази таълимии шаҳри Бохтар бо мутахассисони заминсози КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон курсҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд: санаи 17-18 феврал оид ба истифодаи нархномаи хизматрасонии корҳои заминсозӣ ва тартиби таҳияи парвандањои заминсозӣ ва 17 март оид ба истифодабарии асбобҳои ҳозиразамони геодезӣ, барномаи харитасозии ArcGIS ва харитањои рақамӣ.

Тайи ин давра курси фосилавии 3 рӯза оид ба омӯзиши барномаи ArcGIS Enterprise 10.7.1 барои таҳияи платформаи Геопортал, аз тарафи мутахассисони украинӣ бо мутахассисони шӯъбаи ТИК тавассути Интернет баргузор гардид.

Дар соли 2020 КВД «БММҒ» ва корхонаҳои фаръии тобеъ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.17, №АП-983 бо мақсади расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба маъюбон, шахсони бесаробон ва камбизоатон саҳми худро гузошта, ба маблағи умумии 567541 сомонӣ кӯмаки хайриявӣ расониданд: корхонаҳо дар вилояти Суғд - 214605, ВМКБ - 32288, Хатлон – 137522, НТҶ – 102119 сомонӣ ва КВД “БММҒ-81007 сомонӣ.

Аз тарафи КВД “БММҒ” ва корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ дар соли ҷорӣ ба маблағи 590 087 сомонӣ корҳои ободонӣ ба иҷро расиданд, аз ҷумла корхонаҳо дар вилояти Суғд-136118, ВМКБ-1580, Хатлон- 261417, НТҶ- 175622 ва КВД “БММҒ”-15350 сомонӣ.

Аз ҷумла тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.11.18, №98-ф ва супориши Раиси шаҳри Душанбе (мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ аз 14.02.20, №1-52-14) барои рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи гулгашти буриши кӯчаи Абай бо кӯчаи Н.Қарабоеви ш.Душанбе корҳои таъмирӣ ба маблағи 15350 сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

Дар соли сипаригашта иљрои корҳои сохтмони объектҳои ҷашнӣ – биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, А.Ҷомӣ, Турсунзода, Кӯлоб, Ш.Шоҳин, Роштқалъа ва Тоҷикобод таҳти назорати доимии роҳбарияти Корхона қарор доштанд.

Дар соли сипаригашта иљрои корҳои сохтмони объектҳои ҷашнӣ – биноҳои маъмурии кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, А.Ҷомӣ, Турсунзода, Кӯлоб, Ш.Шоҳин, Роштқалъа ва Тоҷикобод таҳти назорати доимии роҳбарияти Корхона қарор доштанд. Барои фароҳам овардани шароити хуби кории кормандон, қабули шаҳрвандон ва дар сатҳи лозима пеш бурдани раванди бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул сохтмони асосии бинои маъмурии корхонаҳо дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони асосии бинои маъмурии корхона дар ноҳияи А.Ҷомӣ ба анҷом расонида шуд. Сохтмони асосии биноҳои маъмурии корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Ш.Шоҳин идома доранд. Сохтмони таҳкурсӣ ва таҳхонаи бинои маъмурии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Кӯлоб дар марҳилаи якум ба анҷом расонида шуда, сметаи хароҷоти он ва аксҳои таҳкурсӣ ба роҳбарияти Кумитаи давлатӣ барои баррасӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон аз тарафи КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар семоњаи 4-уми соли 2020 барои сохтмони бинои маъмурии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ш.Шоҳин 200 ҳазор сомонӣ ва барои сохтмони бинои маъмурии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Роштқалъа 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Бинои маъмурии КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Тоҷикобод пурра азнавсозӣ шуда, корҳои васлкунии таҷҳизотҳои муҳандисии дохилии бино, ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи бинои идома доранд.

Дар соли ҷорӣ аз ҷониби корхонаҳои тобеъ корҳои сохтмонӣ ба маблағи 3 923 703 сомонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки аз он сохтмони асосӣ маблағи 3529223, сохтмони иловагӣ – 21650 сомонӣ ва таъмири ҷорӣ - 372830 сомонӣ ташкил доданд.