КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"

Раванди татбиқи барномаи СХБТ

Бо мақсади содда, шаффоф ва дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ гардидани раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул барномаи электронии «Системаи худкори бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон» (СХБТ) бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва маблағгузории КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” таҳия гардид ва дар тамоми ташкилотҳои минтақавии бақайдгирӣ бо истифода аз технологияи ҳозиразамон (веб-технология) пайваст гардид.

Барои амалӣ намудани барномаи мазкур, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сервери марказӣ хати баландсуръати интиқоли маълумот бо истифода аз технологияи VPN гузаронида шуда, ҳамзамон дар корхонаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо шабакаҳои локалӣ таъсис дода шуданд.

Барномаи СХБТ шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018 мавриди истифода қарор дода шуда, ворид намудани маълумотҳо аз тарафи мутахассисони корхонаҳо ба роҳ монда шуд. Дар оғози кор барномаи электронии СХБТ бо тариқи пилотӣ-озмоишӣ дар 9 адад корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Рудакӣ, Дустӣ ва Норак татбиқ карда шуд.

Айни замон дар 62 корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ (Суғд-17, Хатлон-25, НТҶ-14, ВМКБ-6) барнома дар реҷаи кории “асосӣ”мавриди истифода қарор дода шуда, амалиёти бақайдгирӣ пурра тариқи барномаи мазкур анҷом дода мешавад.

Бо амалӣ гардидани барномаи СХБТ таввасути автоматикунонии равандҳои бақайдгирӣ имконият дод, ки амалиёти бақайдгирӣ дар муҳлати кӯтоҳ, осон ва бехато ба иҷро расонида шуда, раванди бастани аҳдҳо ё дигар намуди амалиётро вобаста ба бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро тезонад ва дар ин самт содиршавии амалиёти ғайриқонуниро пешгирӣ намояд.

Инчунин ба бақайдгирандаҳо корхонаҳои бақайдгирӣ ва муроҷиаткунандагон шароит фароҳам овард, ки муҳлати анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқулро кӯтоҳ намояд. Тибқи қонунгузорӣ муҳлати бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар давоми 7 (ҳафт) рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуӣ муқаррар шудааст. Бо истифода аз барномаи СХБТ дар ҳолати пурра ва бехато будани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, бақайдгиранда метавонад амалиёти бақайдгириро дар давоми як ё ду соат ба анҷом расонад.

Тавассути барнома ба соҳибмулкон ва истифодабарандагон маълумоти дақиқ ва эътимоднок нисбати бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он саривақт пешниҳод карда мешавад.

Барномаи мазкур дар оянда такмил дода мешавад ва маълумотҳои харитавӣ ва графикӣ нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда пайваст карда хоҳанд шуд.

Дар барнома модули ҳисоботи бақайдгирандаҳо иборат аз се намуд пурра омода гардида, аз 27.05.19 мавриди истифода қарор дода шуд. Ин модул аз ҳисоботи бақайдгиранда, замима ба ҳисоботи бақайдгиранда ва ҳисоботи корхонаҳо иборат мебошад. Ҳамин тариқ маълумот оид ба ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои ҳуқуқ) нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқул ва иттилооти додашуда ба таври худкор (автоматикӣ) сурат мегирад. Фаъол намудани ин модул ба баланд бардоштани сатҳу сифати ҳисоботҳо мусоидат намуд.

Дар барномаи электронии СХБТ Феҳристи электронии шартномаҳои гарави молу мулки ғайриманқул (ипотека) таъсис дода шуд, ки маълумот оид ба уҳдадориҳои гарави молу мулки ғайриманқулро дар миқёси тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаро мегирад. Ин феҳрист барои дастрасии мустақими инфиродӣ дар сомонаи Корхона (www.baqaydgiri.tj) дохил карда шуда, маълумотҳо мунтазам нав карда мешаванд.