КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"

КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”- и Бонки умумиҷаҳонӣ 14 зина боло рафт.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”- и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳисоботи гузашта аз нишондиҳандаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ҷаҳон дар соли 2018 дар зинаи 91 ҷойгир шуда буд, соли 2019 мавқеи худро 14 зина беҳтар намуда, дар зинаи 77 ҷойгир шуд, ки ин нишондиҳанда барои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

Ин нукта зимни баргузории маҷлиси назоратӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашурӣ, ки субҳи имрӯз дар толори хурди Кумитаи давлатӣ баргузор шуд, қайд гардид.

Раиси Кумитаи давлатӣ ин дастоварди Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро аз фаъолияти назарраси роҳбарият ва кормандони он арёзбӣ намуда, таъкид дошт, ки бояд аз натиҷаи бадастоварда шуда, қаноатманд нашуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар ин самт кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” Умариён Раҳмон Фақерзода сертификат оид ба чунин дастовард, ки аз ҷониби директори гуруҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Рита Рамалхо ирсол шудааст, тақдим гардид.

Қайд гардид, ки Кумитаи давлатӣ ва корхонаҳои зертобеъи оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №223 аз 2 майи соли 2019 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”- и Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022” корҳои муайянро ба сомон расонида истодаанд.

Айни замон аз 10 зербанде, ки иҷрои онҳо ба КВД “БММҒ” вобастагӣ дошт, 8 зербанд ба пуррагӣ иҷро шудааст ва 2 зербанди дигар, ки муҳлати иҷрои онҳо то соли 2021 муайян шудааст дар арафаи анҷомёбист.

Тибқи қарори мазкур Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки дар давоми соли 2020 геопортали бақайдгириро барои шаҳри Душанбе таъсис дода, дар давоми то соли 2022 дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба ин геопортал пайваст намуда, барои истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрас намояд. Ҳоло бошад мутахассиосни КВД “БММҒ” платформаи геопортали бақайдгириро ба пуррагӣ омода намудаанд ва айни замон корҳои насбкунӣ ва ба истифодаи умум баровардани геопортали бақайдгирӣ барои шаҳри Душанбе тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки дар давоми соли 2019 аз тарафи мутахассисони КВД “БММҒ” баҳри баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ барномаи худкори бақайдгирӣ (СХБТ) мукаммал гардонида шуда, модулҳои зарурӣ таҳия карда шуда, ба истифода дода шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро 20 нишондиҳанда беҳтар намуда, аз мавқеи 126-уми соли 2018 ба мавқеи 106 дар соли 2019 ҷойгир шуд.

Раиси Кумитаи давлатӣ дар ҷараёнии баррасии масъала ба роҳбарияти КВД “Бақайдгирии молумулки ѓайриманқул” дастур дод, ки барои боз ҳам баланд намудани мавқеъи корхона дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” инчунин барои омода намудани портали ҷуғрофӣ (геопортали бақайдгирӣ), таҳияи модули заминсозӣ ва модули барӯйхатгирии техникӣ, таҳияи барномаи “Бойгонии электронӣ” дар заминаи забони барномасозии Си-шарп (С#) барои муттамарказ намудани ҳамаи маълумотҳои дар бойгониҳои корхонаҳо мавҷуда, иваз намудани серверҳои мавҷуда бо серверҳои нави муосир, таъмин намудани серверҳои марказӣ бо барномаҳои литсензионӣ, таъмин намудани корхонаҳои тобеъ бо барномаҳои литсензионӣ ва таҳияи модули ҳисоботҳои гендерӣ чораҳои қатъӣ андешанд.