КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
"БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ"

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ КУМИТАИ ИДОРАИ ЗАМИН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бинои нави кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ифтитоҳ гардид.

Зимни ифтитоҳи бинои маъмурӣ зикр шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат торафт вусъат пайдо карда, дар арафаи ҷашнҳои давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол натиҷаҳои заҳмати созандаи мардуми диёрамон, яъне мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооту биноҳои навсохти таъиноти гуногун ба ҳукми анъанаи нек даромадааст.

Дар ин раванд, сохта ба истифода супоридани бинои нави Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Турсунзода аз ҷумлаи иқдомҳои неку созанда ва армуғони идона ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки бинои нави кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Турсунзода, ки аз се ошёна иборат аст, бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Турсунзода бунёд шудааст.

Бинои мазкур бо дарназардошти санъати меъмории муосир сохта шуда, дорои таҳхона, 21 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, равзанаи ягона ва ошхона буда, барои фаъолияти пурсамари ҳамаи кормандони Кумита ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» тамоми шароити зарурии замонавӣ муҳайё карда шудааст. Қайд карда шуд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тасмим гирифтааст, ки иншоотҳои наву замонавиро бунёд намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

Танҳо соли ҷорӣ сохтмони биноҳои наву замонавии дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор ва А.Ҷомӣ, инчунин баъди таъмиру навсозӣ бинои маъмурӣ дар ноҳияи Ишкошим мавриди истифода қарор гирифтанд.

Айни ҳол бошад, сохтмони биноҳои маъмурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ш.Шоҳин, Хуросон ва Роштқалъа идома доранд.

Бунёд гардидани иншооти муҳими имрӯза, агар аз як ҷониб боиси боз ҳам ободу зебо шудани як гӯшаи шаҳри Турсунзода гардад, аз ҷониби дигар, барои фаъолияти босамари кормандони Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон ба онҳо шароит фароҳам месозад, ки аз ҳарвақта бештару хубтар фаъолият карда, вазифаҳои хизматии худро софдилона ва поквиҷдонона иҷро намоянд. Бинобар ин зарур аст, ки дар бинои нави Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» бояд ҳамаи кормандон бо дасту дили пок ва садоқатмандона фаъолият намуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани вайронкунии қонунгузории замин, ки имрӯз боиси ташвишу нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст, чораҷӯӣ намоянд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ зимни суханронӣ ҳамаи кормандони кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-ро ба муносибати ифтитоҳи бинои нав табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тани сиҳат ва барори кор орзу намуда, изҳори умед кард, ки ҳамаи кормандони кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Турсунзода тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба тақсимоту истифодабарии оқилонаи замин, инчунин пешгирӣ кардани ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузории замин, хотима додан ба амалҳои коррупсионӣ ва умуман риояи қонуну тартибот дар соҳаи фаъолияти худ равона месозанд.